Ба гузориши “Алолам”, сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба Алӣ Маҳмуд Аббос, вазири дифоъ ва Абдулкарим Маҳмуд Иброҳим, раиси Ситоди кулли артиши Сурия навишт, ҷинояти террористии ҳамлаи паҳподӣ ба Донишгоҳи афсарии артиши Сурия дар устони Ҳумс бори дигар моҳияти палид, ҷинояткор ва зиддибашарии террористҳои такфирӣ ва расвоии ҳомиёни онҳоро ошкор кард. Сарлашкар Боқирӣ афзуд, ин ҷиноят ба ҷаҳониён нишон дод, истифодаи абзорӣ ва сиёсӣ аз гуруҳҳои террористӣ на танҳо иродаи миллатҳоро тазъиф нахоҳад кард, балки онҳоро мусаммам ба идомаи муқовимат то нобудии террористҳо ва нокомии ҳомиёни онон хоҳад сохт ва давлатҳои ҳомии ин террористҳо низ бояд посухгӯи ин ҷинояти бузург бошанд. Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо маҳкумияти ин ҷинояту таслият ба давлат, миллат ва Неруҳои мусаллаҳи Сурия ва зимни ибрози ҳамдардӣ бо бозмондагон, аз даргоҳи Худованди мутаол шифои оҷили маҷрӯҳони ҳодисаро талаб кард.
342/